СИТОРАИ ТИК ТОК ДИНА САЕВА АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ МЕШАВАД

2 Просмотры
Издатель
Блогери 21-солаи зодаи Тоҷикистон Дина Саева (Мадина Басаева), ки ӯро “маликаи ТикТок” ва яке аз бойтарин блогерҳои Русия меноманд, хабар дод, ки бо масъалаи шаҳрвандии русиаш мушкил пвйдо кардааст. Дина Саева рӯзи 30 июн дар бахши сториз дар саҳифааш дар Instagram гуфт, мурофиаи додгоҳии масъалаи шаҳрвандии ӯ рӯзи 23 июл доир мешавад ва ӯ ҳоло шадидан дар пайи ҷустуҷӯи як адвокати хуб барои ҳимояти манфиатҳояш дар ин додгоҳ мебошад.
Дина Саева шарҳ надод, ки дар масъалаи шаҳрвандиаш чӣ мушкил ва бо кадом сабаб пеш омадааст?, вале аз мухлисонаш хост, агар муддате ғайб занад, нигарон набошанд.
Моҳи майи соли ҷорӣ Дина Саева дар як маъракаи хайрияи сохтани чоҳи об ва тақсими ғизо барои кӯдакон дар яке аз фақиртарин гӯшаҳои қораи Африқо иштирок карда, хайрашро ба ёди падараш бахшид. “Дар ёди падар” - ба забони тоҷикӣ чунин номгузорӣ карда буд он маъракаро Дина Саева ва баннер бо ин навиштаҷоти тоҷикӣ дар қораи Африқо овехта шуда буд.
Дина Саева 21 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, маликаи ояндаи ТикТоки Русия дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар як хонаводаи фақирранг ба дунё омадааст ва ҳамроҳи падару модару дигар аъзои оилаашон (Дина фарзанди калонӣ аст) ба Екатеринбурги Русия кӯчидаанд.
Дина ҳамагӣ се сол пеш дар McDonald's кор мекард ва дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил мекард. Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб нашр карда буд. Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравониӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.
Рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ Дина Саева зоҳиран мехост ҳангоми пахши мустақим худкушӣ кунад, вале модару хоҳараш сари вақт дари ҳуҷраи ӯро кушода, аз ин роҳ Динаро баргардонданд.
Категория
тик ток
Комментариев нет.